Сафорати Эрон: иддиъоҳои ВУД Тоҷикистон бепоя ва дурӯғ аст

© AP / Ronald ZakФлаг Ирана. Архивное фото
Флаг Ирана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе бо интишори баёнияе иддиъоҳои матраҳшуда дар филми Вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро, ки 8 август аз телевизиюни саросарии Тоҷикистон пахш шуда буд, "бепояву дурӯғ" хонд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар баёнияи матбуъотии сафорати ҶИЭ дар Душанбе, ки шоми 9 август мунташир шуда, иддиъоҳои матраҳшуда дар филми ВУД Тоҷикистон "бепояву дурӯғ" дониста ва таъкид шудааст: "Тардиде нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба тахриби пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии торихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд".

Сафорати Эрон гуфта, ки иддиъоҳое, ки дар ин филм эътирофкунандаҳои зиндонӣ матраҳ кардаанд, ба нақл аз касонест, ки акнун зинда нестанд ва аз ин рӯ наметавонанд эътиборе дошта бошанд.

"Ҳофизаи торихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромӯш нахоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун яке аз бунёдгузорон ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир, чи нақши созандае дар поён додан ба ҷангҳои дохилии ин кишвар дар даҳаи 90 ифо намуд", — гуфта шуда дар ин баёния.

Акс аз филми ВУД ҶТ аз 8-уми август - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз кушторҳои сиёсии солҳои 1990-ум кард

Сафорати Эрон бархе аз иқдомоти Ҷумҳурии Исломӣ барои тақвияти зерсохтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон, аз ҷумла сохти нақби Истиқлол (Анзоб), сарбанду нерӯгоҳи барқобии "Сангтӯда-2", бемористони Ибни Сино, ироаи хадамоти пизишкӣ ва беҳдоштии Ҳилоли Аҳмари Эрон ва ёрирасонии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ба хонаводаҳои камнаво ва бесарпарасту бадсарпараст, бунёди марказҳои варзишӣ, бозсозии сохтмонҳои торихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марокизи донишгоҳӣ, кумак ба марокизи илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсису таҷҳизи марказҳои омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаиро бар шумурда ва таъкид кардааст, ки "ин иқдомоти Эрон мафҳуме ҷуз кумак ба таҳкими суботу тавсеъа ва кумак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷикистон ва истеҳкоми пояҳои давлати он надорад".

Сафорати ҶИЭ ҳамчунин афзудааст: "Муборизаи Эрон бо теруризм барои ҳамагон ошкор аст ва Эрон худ аз аввалин ва бузургтарин қурбониёни теруризм аст. Амалкарди ҶИЭ дар арсаҳои майдонии мубориза бо теруризм чун офтоб барои ҳама ҷаҳониён рӯшан аст".

Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шудааст, ки пахши ингуна филмҳои муғризона, пас аз сафари ахири вазири энержӣ ва захоири обӣ ва раиси тоҷики Кумисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон барои ширкат дар ойини савганд додани раиси ҷумҳурии исломии Эрон ба намояндагӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон, "баёнгари он аст, ки бархе гароишҳо ва маҳфилҳо таҳаммули оддӣ шудани равобит ва тақвияти дӯстии байни ду кишварро надоранд".

Узбекистан на карте. Глобус - Sputnik Тоҷикистон
Эрон барои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муъассисаи "Эрони Шарқӣ" бунёд кард

"Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчӯби хосту манофеъи ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносиботи бародаронаи Эрону Тоҷикистони ҳамфарҳангу ҳамзабонро барнаметобанд", — таъкид шудааст дар ин баёния.

Ёдоварӣ мекунем, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо намоиши филме Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз куштори бархе аз чеҳраҳои сиёсиву илмиву фарҳангиву расонаии Тоҷикистон ва афсарони пойгоҳи низомии Русия дар солҳои 1990-ум карда буд.

Лентаи хабарҳо
0