Додгоҳи Маскав се тоҷикро ба иттиҳоми теруризм боздошт кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкРассмотрение ходатайства следствия об аресте подозреваемых в подготовке взрывов в Москве
Рассмотрение ходатайства следствия об аресте подозреваемых в подготовке взрывов в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми омодасозии амалиёти теруристӣ дар пойтахти Русия барои ду моҳ боздошт кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми боздошти се шаҳрванди Тоҷикистонро содир кард, ки муттаҳам ба омодасозии амалиёти интиҳорӣ дар пойтахти Русия шудаанд.

Яке аз ин боздоштшудагон Давлатёр Ҳоҷиев аст, ки соли 1987 дар Тоҷикистон зода шуда ва то замони дастгир шуданаш дар ноҳияи Пушкин дар вилояти Маскав зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамсар дорад, вале дар ҷое расман кор намекардааст.

Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон: ФСБ ба мо иттилоъ надодааст

Вай дар додгоҳ иттиҳомотеро, ки бар ӯ задаанд, радд кард ва ҳамдаст буданаш дар омодасозии амалиёти ҳаросафканиро бар дӯш нагирифт.

"Иттиҳомотро қабул надорам. Маро ба ҳамдастӣ фаро хонданд, вале нахостам ва нарафтам", — гуфт ӯ дар додгоҳ.

Додгоҳ ҳукм кард, ки Давлатёр Ҳоҷиев то 11 окятбр дар боздоштгоҳ бандӣ шавад.

Вале ду муттаҳами дигар — Сулаймон Бурҳонов, зодашуда дар соли 1995 ва Сиёвуш Давронзод, зодашуда дар соли 2000, ба ҷурмашон иқрор кардаанд. Додгоҳ онҳоро низ барои ду моҳ боздошт кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ) 14 август аз дастгир кардани чаҳор ҳаросафкан — маъмури сиррӣ, масъули бумбсозӣ ва ду ҷангҷӯи интиҳории созмони байналмилалии теруристии "Давлати исломӣ" (мамнуъшуда дар Русия), хабар дод, ки барои анҷоми ҳамлаҳои маргталабона дар сомонаи таробарӣ ва фурӯшгоҳҳои бузурги Маскав омода мешуданд. Яке аз ин дастгиршудаҳо шаҳрванди Русия ва дигарон шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

ФСБ иттилоъ дода, ки "амалиёти теруристиеро, ки омода мешуданд, саркардаҳо ва маъмурини сиррии созмони байналмилалии теруристии "Давлати исломӣ", ки дар Сурия қарор доранд, аз ҷумла Назаров Т. М. ва Ширинҷонов А. М. — раҳбари омӯзишгоҳи тахрибкорони ДОИШ, ки дар бозҷусти байналмилалӣ қарор доранд, ташкил кардаанд".

Ҳангоми дастгир кардани ин муттаҳамон аз манзилашон маводди мунфаҷирае ёфт шудааст.

"Мо аз он намуна бардоштем. Ин модда пероксиди асетон буд, ки маводи мунфаҷирибисёр хатарнок аст", — тавзеҳ дод маъмури бозҷӯии ФСБ.

Ин моддаро ба далели ҳассосияти бисёр ба зарбаву гармову қудратмандияш теруристҳо фаровон ба кор мебаранд ва онро "модари шайтон" меноманд. 

Лентаи хабарҳо
0