ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. ВУД Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки як бошандаи шаҳри Душанбе маҳалли корашро "фоҳишахона" гардондааст.
Бино бар иттилоъи манбаъ, кормандони милиса марди 42-соларо, ки масъули яке аз бунгоҳҳои гардишгарӣ дар ноҳияи Варзоб аст, ба иттиҳоми ташкилу нигаҳдории фоҳишахона дастгир карда шуд.
Ин мард маҳалли корашро ба як марди 23-сола ва зани 32-сола барои равобити маҳрамона вогузор карда аз онҳо 100 сомонӣ пул гирифтааст.
"Ҳамчунин вай 14-уми августи соли 2017 ҷои корашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 29-солае аз шаҳри Ваҳдат ва зани 22-солае аз ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ пул гирифтааст", — афзудааст манбаъ.
Милиса барои бозҷӯии ин қазия парванд оғоз кардаву тафтишот идома дорад.