ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Авохири моҳи август замони зиёрати Хонаи Худо дар Маккаю Мадина мерасад.
Ин замони поксозии рӯҳу ҷон аст. Вале аксари ҳоҷиён ҳангоми зиёрати Каъба ба ҷои намозгузорӣ ба "селфидан" ва аксбардорӣ машғул мешаванд.
"Аз ҳама муҳимаш ин, ки инсон набояд зиёрати хонаи Худоро ба "селфиҳаҷҷ" табдил диҳад. Ӯ бояд бо орзуи ҳоҷӣ шудан ва адои як рукни ислом ба хонаи Худо биёяд. Вай метавонад акс бардораду ба ҳамкорон ё ёру дӯстонаш бифиристад, вале бидуни таассубкорӣ", — гуфт Рӯшан Аббосов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ агар ҳоҷӣ бо мақсади сирф таълимӣ расми Ҳаҷҷро ба навор бигирад боке нест. Ин бар хилофи шариат нест. Вале селфидан ва паҳнкунии он дар Instagram набояд, ҷавҳари аслии ҳаҷҷро, ки сафарест барои пок шудан аз гуноҳҳо ва ба ҷой овардани шукри Худо, халал расонад.
Бояд қайд кард, ки аксарияти ҳоҷиёни муҳоҷири тоҷик имсол аз ҳисоби квотаи Русия ба Макка сафар хоҳанд кард.