Хушхабар: муҳоҷирон метавонанд аз Русия ба Ҳаҷ раванд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкМакка, акс аз бойгонӣ
Макка, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо назардошти гаронии сафар ба Ҳаҷ, Шӯрои муфтиёти Русия тайёр аст, ки барои шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки муваққатан дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, 400 квота ҷудо мекунад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.Шӯрои муфтиёти Русия аз ҳукумати Арабистони Саудӣ хоҳиш намудааст, ки барои сафар ба Ҳаҷ  аз Русия ба муҳоҷирони Осиёи Миёна иҷозат диҳад.

"Арабистони Саудӣ барои кишварҳои аврупоӣ  баъзе имтиёзҳои иловагӣ медиҳад:  муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Аврупо мераванд, дар он ҷо зиндагӣ ва кор мекунанд, баробари он метавонанд ба  Ҳаҷ ровобит ба даст оранд ва ба Ҳаҷ раванд.  Мо ҳам тайёрем, ки ба муҳоҷирони меҳнатии кишвари худ як қисми квотаҳоямонро диҳем. Боварӣ дорем, ки ин шумора кам аст, аммо онҳо низ акнун метавонанд аз Русия ба Ҳаҷ сафар кунанд",- мегӯяд раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнутдинов.

Каъба, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи квотаи Ҳаҷ ба шаҳрвандони Русия зиёд карда шуд

Арабистони Саудӣ  ба Русия 20,5 ҳазор квота ҷудо кардааст. Аз ин шумора бояд 200-400 квота ба муҳоҷирон дода шавад.

Ба гуфтаи Ғайниутдинов, ин квота на танҳо барои ҳаҷ, балки ба ҳаҷҷи умра низ ҷудо карда мешавад. Ба гуфтаи Ғайнутдинов, шаҳрвандони хориҷӣ асосан мехоҳанд ба ҳаҷҷи умра раванд.

Дар Шӯрои муфтиёти Русия қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аксар вақт бо хоҳиши сафар ба Ҳаҷ ба шӯро муроҷиат мекунанд ва ин иқдоми шӯро як дастгирӣ дар ҷавоб ба онҳост.

"Масъалан, аз Ӯзбакистон ва Тоҷикистон сафар ба Ҳаҷ то дараҷае мушкил аст. Ин маросим камтар  қиммат аст",- гуфт муовини раиси шӯро Элдар Аляутдинов.

Лентаи хабарҳо
0