ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бошгоҳи марказии варзишии артиш "Помир" ин бозиро бо ҳисоби 1:0 аз "Хуҷанд" бурд.
Ба гузориши равобити умумии Федеросюни футболи Тоҷикистон, ягона голи ин бозиро ҳимоятгари артишиён Фирдавс Чақалов зад.
Пас аз ин пирӯзӣ дастаи артишии "Помир" бо касби 28 имтиёз мақоми дувуми ҷадвали мусобиқаи қаҳрамониро соҳиб гашт.
Дастаи футболи "Хуҷанд" бо дарёфти 27 имтиёз дар севум зина ҷой гирифт.
Дар дидори дигари даври мазкур дастаи футболи "Вахш" аз Қӯрғонтеппа бар дастаи футболи "Панҷшер" аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.