"Озод транс": роҳандозии терминали нави мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе

© Сайт мэрии ДушанбеОткрытия транспортного терминала
Открытия транспортного терминала - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз поёнаи мусофирбарии "Озод транс" мусофирон метавонанд то шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Файзобод, Оби Гарм, Роғун, Рашт сафар кунанд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдории Душнабе, дар пойтахти Тоыикистон поёнаи мусофирбари "Озод транс" ифтитощ шуд.

Ба гузориши манбаъ, дар маросими баистифодадиҳии терминали нав масъулини мақомоти шаҳри Душанбе, мутахассисону коршиносони  соҳа ширкат карданд.

Рустам Эмомали на заседании правительства республики - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни Рустам Эмомалӣ барои дарёфти ҳуқуқи хизматрасонӣ дар хатсайри 28

Сохтмони поёнаи мусофирбар нимаи дуюми соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ "Озод интернейшнл" дар зарфи ду сол  ба истифода дода шуд ва дар корҳои бунёдӣ беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ меҳнат карданд.

Терминали мусофирбарии "Озод транс" дар майдони 1,48 гектар ҷойгир буда, аз таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши то 300 адад воситаи нақлиёти гуногунҳаҷм, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯй ва таъмири воситаҳои нақлиёт иборат мебошад.

Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 938 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ барои харид ва дастрас кардани таҷҳизоту васоити техникӣ равона гардидааст.

© Сайт мэрии ДушанбеОткрытия транспортного терминала
Открытия транспортного терминала  - Sputnik Тоҷикистон
Открытия транспортного терминала

Бинои асосии терминал аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толори интизорӣ бо ғунҷоиши то 90 нафар дар як вақт, ошхона барои 60 нафар, нуқтаи муоинаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгиранд.

Шодихон Ҷамшед бо ношони Роҳсози фахрӣ сарфароз шуд - Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони возири нақлиёт: Шодихон Ҷамшед бо нишони "Рохсози фахрӣ" сарфароз шуд

Аз терминали мусофирбарии "Озод транс", тибқи нақша мусофироне, ки тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Файзобод, Душанбе-Оби Гарм, Душанбе-Роғун ва Душанбе-ноҳияҳои водии Рашт  ба сафар мебароянд.

Дар баробари ин оғози ҳаракати 7 хатсайри нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, аз ҷумла автобусҳои рақамҳои 2, 7, инчунин микроавтобусҳои №2, №5, №5а, №18, №43, ки ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе хизмат мерасоанд, аз ҳамин маҳал сарчашма мегирад.

Фаъолияти терминал ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, барои мусофирону ронандагон  имкониятҳои мусоид  фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, дар ошёнаҳои дуюму сеюми бинои асосии терминал, 15 ҳуҷраи хоби яккаса ва оилавӣ барои  35 нафар бо шароитҳои олӣ ва миёна мавҷуд аст, ки шаҳрвандон дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода мекунанд.

Дар як қисмати терминал нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳам бунёд гардидааст, ки ба муштариён хизматрасонии босифатро пешкаш месозанд. Дар маҷмуъ бо оғози фаъолияти терминали мусофирбарӣ, аз 35 то 40 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Роҳбарияти ҶДММ «Озод интернейшнл» нақша дорад, ки оянда бо васеъ намудани ҳудуди терминал ва бунёди иншооти иловагии хизматрасонӣ шумораи зиёдтари сокинонро соҳиби ҷойи кор намояд.фода мекунанд.

© Сайт мэрии ДушанбеОткрытия транспортного терминала
Открытия транспортного терминала - Sputnik Тоҷикистон
Открытия транспортного терминала
Лентаи хабарҳо
0