ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Амрико бояд нерӯҳои низомии худро аз хоки Афғонистон барорад, мегӯяд намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия дар Афғонистон Замир Кобулов.
"Маскав ҳиҷ гоҳ Амрикоро барои баровардани нерӯҳояш аз хоки Афғонистон саросема накарда буд. Вале чун низомиёни амрикоӣ коре ҳам карда наметавонанд, пас бигзор аз хоки Афғонистон берун оянд. Маъракаи Амрико дар Афғонистон ноком шуд", — менависад "Известия" аз қавли Кобулов.
Ба гуфти сиёсатмадор Афғонистон дар асл ба инкубатори теруриизми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Ва иваз кардани низомиёни касбӣ ба зархаридони ширкати хусусии низомӣ вазъро беҳтар нахоҳад кард.
"ИМА ноумед аст ва нақшаи иваз кардани ҳарбиёни касбӣ ба зархаридон-беақлист. Ин пайомади хуше нахоҳад дошт: зархаридон фирор хоҳанд кард", — қайд кард Кобулов.
Ёдоварӣ мекунем, ки нерӯҳои низомии ИМА аз соли 2001 инҷониб дар хоки Афғонистон ҳузур доранд. Дар айни замон дар хоки Афғоистон 8,5 ҳазор низомии амрикоӣ ба сар мебарад. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳузури ИМА нафъе ба Афғонистон наорварадааст.
Чанде пеш намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов бо ишора ба афзоиши фаъолияти ДОИШ дар он кишвар ҳушдор дода буд, ки агар ҳукумати Афғонистон ва амрикоиҳо аз саркӯби ин гурӯҳи теруристӣ бепарвоӣ кунанд, Русия ночор хоҳад шуд даст аз нерӯи низомӣ кор бигирад.
Ин изҳорот дар Афғонистон вокуниши густардаеро дар пай доштанд ва Sputnik Афғонистон аз коршиносони умури Афғонистон пурсид, ки оё имкон дорад, ки Русия дубора нерӯҳояшро ба он кишвар бифиристад?
Яке аз ин коршиносон — Атиқуллоҳ Амирхел, фармондеҳи бознишастаи Нерӯҳои ҳавоии Артиши Афғонистон, дар посух ба ин пурсиш гуфт:
"Даст задани Русия ба амалиёти низомӣ дар Афғонистон шиъоре беш нест ва ҳеч сарбози русӣ барои ҷанг бо ДОИШ ба Афғонистон нахоҳад омад. Ин масъала сиёсӣ аст ва он изҳорот як ҳушдори диплумотик буд. То замоне, ки ДОИШ ба марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳамла накунад, Русия даст ба чунин иқдомот нахоҳад зад".
Вай иллати нигаронии Русия аз ҳузуру нуфузи ДОИШ дар Афғонистон, бавижа дар шимоли он кишварро, "эҳсоси хатар аз бадтар шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" дониста ва гуфта, ки "Русия инро ба хубӣ медонад, ки ҳама масоиле, ки имрӯз дар Афғонистон ҷараён дорад, ҳадафи аслии Амрико аст".