Оё Русия метавонад дар Афғонистон амалиёти низомӣ баргузор кунад?

© Sputnik / А. Соломонов / Гузариш ба медиабонкСоветские солдаты в Афганистане, архивное фото
Советские солдаты в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Атиқуллоҳ Амирхел, фармондеҳи бознишастаи Нерӯҳои ҳавоии Артиши Афғонистон, даст задани Русия ба амалиёти низомӣ дар Афғонистонро "шиъор" хонду гуфт, ки ҳеч сарбози русӣ барои ҷанг бо ДОИШ ба он кишвар нахоҳад рафт

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Чанде пеш намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов бо ишора ба афзоиши фаъолияти ДОИШ дар он кишвар ҳушдор дода буд, ки агар ҳукумати Афғонистон ва амрикоиҳо аз саркӯби ин гурӯҳи теруристӣ бепарвоӣ кунанд, Русия ночор хоҳад шуд даст аз нерӯи низомӣ кор бигирад.

Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Замир Кабулов: Стротежии Амрико дар Афғонистон ноком шуд

Ин изҳорот дар Афғонистон вокуниши густардаеро дар пай доштанд ва Sputnik Афғонистон аз коршиносони умури Афғонистон пурсид, ки оё имкон дорад, ки Русия дубора нерӯҳояшро ба он кишвар бифиристад?

Яке аз ин коршиносон — Атиқуллоҳ Амирхел, фармондеҳи бознишастаи Нерӯҳои ҳавоии Артиши Афғонистон, дар посух ба ин пурсиш гуфт:

"Даст задани Русия ба амалиёти низомӣ дар Афғонистон шиъоре беш нест ва ҳеч сарбози русӣ барои ҷанг бо ДОИШ ба Афғонистон нахоҳад омад. Ин масъала сиёсӣ аст ва он изҳорот як ҳушдори диплумотик буд. То замоне, ки ДОИШ ба марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳамла накунад, Русия даст ба чунин иқдомот нахоҳад зад".

Вай иллати нигаронии Русия аз ҳузуру нуфузи ДОИШ дар Афғонистон, бавижа дар шимоли он кишварро, "эҳсоси хатар аз бадтар шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" дониста ва гуфта, ки "Русия инро ба хубӣ медонад, ки ҳама масоиле, ки имрӯз дар Афғонистон ҷараён дорад, ҳадафи аслии Амрико аст".

Ин коршиноси умури низомӣ ҳукумати Афғонистон ва ҳампаймонони амрикоиву ғарбии онро муттаҳам ба кӯтоҳӣ дар саркӯби гурӯҳи ҳаросафкани ДОИШ карду гуфт, ки агар Амрико қасд дошт "Давлати исломӣ"-ро саркӯб кунад, ба хубӣ медонад, маркази аслии онҳо дар Покистон ҷой дорад.

Latif Pedram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Латиф Пидром: Ҷанги Афғонистон ва чолишҳои Осиёи Марказӣ

Ӯ гуфт, ки аз онҷое, ки равобити Русия ва Амрико рӯз то рӯз тираву хароб мешаванд, барои Амрико ягона роҳи фишор овардан бар Русия ҳамин гурӯҳҳои ҳаросафкани исломгаро ҳастанд, ки Вашингтон мехоҳад ба дасти онҳо кишварҳои Осиёи Марказиро, ки Русия ҳаммарзанд, ноамн кунад ва ба ин васила авзоъро дар Русия ҳам хароб кунад. Бино бар ин, Русия дақиқан мутаваҷеҳи вазъ аст ва он изҳорот як ҳушдор ҳам ҳаст, ки агар хатаре барои Русия падид ояд, онҳо низ бевокуниш нахоҳанд нишаст.

Бархе аз коршиносони сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки агар Русия худсарона даст ба иқдомоти низомӣ бизанад, пайомади бисёр хатарноке барои Маскав ва кишварҳои минтақа хоҳад дошт.

Атиқуллоҳ Амирхел мегӯяд, агар раисҷумҳур Путин мушорикат дар ҷанги Сурияро ба дифоъ аз давлати Башор Асад дар ҷиҳати аҳдофу манофеъи минтақаӣ ва ҷаҳонии Русия талаққӣ ва арзёбӣ кунад ва бо ин талаққӣ риски ҳаргуна мухолифати Амрико ва Ғарбро барои вуруд дар ҷанги Сурия пазируфта бошад, бе ҳеч тардиде аҳамияти Афғонистон барои Маскав дар ҷануби марзҳои Осиёи Марказӣ, на танҳо камтар аз Сурия нест, балки бештар аз он хоҳад буд.

Вай мегӯяд, ки давоми ҳузури нерӯҳои ДОИШ дар шимоли Афғонистон, бино ба ҳар омилу далиле, аз сӯи Маскав ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар воқеъ ба он вобаста ҳастанд, таҳдиде бисёр ҷиддӣ ва хатарнок арзёбӣ ва шинохта мешавад. Русия риски ин таҳдидро, ки пои гурӯҳҳои ҷиҳодхоҳро ба даруни ҷомеъаҳои мусулмони Осиёи Марказӣ ва Русия мекашонад, намепазирад ва наззорагар боқӣ намемонад.

Афзоишу густариши нерӯҳои ДОИШ дар Афғонистон ва нотавонии давлати Афғонистон дар шикасту саркӯби онҳо, васвасаи Маскавро ба сӯи иқдомоти низомӣ дар он кишвар мекашонад. Агар сайри ҳаводис дар чунин масире шакл бигиранд, Маскав идома ёфтани ҳузури ДОИШ дар шимоли Афғонистон ва дар канори марзҳои кишварҳои Осиёи Марказиро навъе тавтеъа ва дом барои худ ва ҳампаймонҳояш дар Осиёи Марказӣ хоҳад пиндошт ва амалиёти низомиро дар шимоли Афғонистон амре ногузир дар муқобала бо ин тавтеъа арзёбӣ хоҳад кард.     

Лентаи хабарҳо
0