Дар ҷустуҷӯ: ВКД барои Шӯрои иҷтимоӣ довталаб меҷӯяд

© SputnikЗдание МВД РТ, архивное фото
Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини амнияти ҷомеъа озмун эълон мекунад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, ки дар озмун намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ метавонанд номзадии худро пешбарӣ намоянд.

Талаботи ширкатро манбаъ, доштани шаҳрванди Тоҷикистон, синну соли аз 20 боло, надоштани доғи судӣ ва истиқоматкунандаи доимии Тоҷикистон будан гуфтааст.

Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифа

Ҳамчунин дар озмун мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятию эҷодӣ ва илмӣ ба назар гирифта мешавад.

Нафароне, ки мехоҳанд аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия шаванд, бояд ҳуҷҷатҳои дар торномаи ВКД номбаршударо  дар шаҳру ноҳияи ҷои истиқомати доимии худ пешниҳодкунад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20 сентябри соли 2017 муқаррар шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки маълумоти иловагӣ аз сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ www.vkd.tj, www.mvd.tj, қисми навбатдории ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ё бевосита аз Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт карда метавонед.

Лентаи хабарҳо
0