ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, озмун барои ишғоли вазифаҳои ҳуқуқшинос ва маъмури ахбори иқтисодӣ дар шаҳри шӯъбаи шаҳри Хуҷанд ва сохтмончӣ дар шӯъбаи шаҳри Душанбе эълом шудааст.
Дар озмун хоҳишмандоне, ки дорои маълумоти олии сохтмонӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ мебошанд, метавонанд ширкат кунанд.
Барои ҳамаи довталабон барои дарёфти ин се ҷои кор донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалиятнок мебошад.
Аз довталабон ҳамчунин доштани малакаи корбурд бо компютер ва таҷрибаи корӣ талаб мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки ҳуҷҷатҳоро бояд ба нишонии — шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 107 А, идораи кормандон ва шаҳри Хуҷанд кучаи Камол Хуҷандӣ 168, шуъбаи кормандон ва умури ҳуқуқӣ супурд.
Маълумоти пурраро дар торномаи бонк дарёфт карда метавонед.