Модаре аз Қодиров дархост кард, ки духтарашро аз Сурия бар гардонад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкРамзан Кадыров. Архивное фото
Рамзан Кадыров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модаре аз Қазоқистон аз раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дархост кардааст, ки духтару набераҳояшро, ки аз паси шавҳару падарашон ба Сурия рафтаанд, бар гардонад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар шаҳри Грознӣ модароне, ки духтарҳояшон аз паи шавҳаронашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз раҳбари Чеченистон хостанд фарзандонашонро ба хона баргардонад.

Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Қодиров: омодаам аз симатам канор бираваму Байтулмуқаддасро ҳимоя кунам

Бино ба иттилоъи Sputnik Қазоқистон, дар миёни занҳои чеченӣ, шаҳрванди Қазоқистон Роза Анаева низ буд, ки духтараш Имон Музаева ҳамроҳ бо шавҳару се фарзандаш соли 2014 ба Сурия рафта аст. Ин зан гуфт, ки домодаш дар ҷанг кушта шуда, вале духтару набераҳояшро намегузоранд, ки ба Русия бар гарданд.

Ҳамсару фарзандони дигар ҷангҷӯён низ камобеш ҳамин сарнавиштро доштаанд. ДОИШ омода шуда ҳамсарони ҷангҷӯёнашро озод кунад, вале фарзандонашонро раҳо намекунанд.

Ин занҳо чун донистаанд, ки чанде пеш Билол Тагилов ном кӯдаки чаҳорсола бо ёрии Рамазон Қодиров аз Ироқ бар гардонда шудааст, аз ӯ дархост доранд, ки дар боз гардлндани фарзандону набераҳояшон ёрияшон расонад.

Намояндагони Чеченистон дар шаҳру рустоҳои озодшуда аз ҷангҷӯён кӯдакони шаҳрвандони Русияро ҷустуҷӯ мекунанд то ба кишвар бар гардонанд.

Лентаи хабарҳо
0