Рамазон Қодиров: омодаам аз симатам канор бираваму Байтулмуқаддасро ҳимоя кунам

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкРамзан Кадыров, архивное фото
Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров вазъ дар Масҷид ул-Ақсо ва кӯҳи Маъбадро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров  гуфт, омода аст аз мақомаш канорагирӣ кунад ва Байтулмуқаддас раваду бақияи умрашро ба посбонии Масҷид ул-Ақсо бигзаронад.

"Ман худ омодаам аз вазифаам канорагирӣ кунам ва дар он сохторҳое кор кунам, ки амнияти ин макони муқаддасро таъмин мекунад", — навиштааст Рамазон Қодиров дар Telegram.

Раҳбари Чеченистон ҳамчунин дар Instagram низ дидгоҳашро дар бораи муноқишаи миёни фаластиниён ва давлати Исроил баён кард.  Ёдоварӣ мекунем, ки давлати Исроил дар паи тирандозии ҷангҷӯёни араб аз кӯҳи Маъбад ва куштани ду корманди пулис дар даромадгоҳи Масҷид ул-Ақсо дарвозаҳои филиззёбу дурбинҳои мадорбаста гузошт то намозгузоронро бозрасӣ кунад.

Рамазон Қодиров прездиенти Чеченистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши Рамазон Қодиров оиди манъи ҳиҷобпӯшӣ дар Урупо

Ин иқдоми Исроил хашму тазоҳуроти фаластиниҳоро барангехт, ки талаб доштанд филиззёбҳову дурбинҳо ҳарчи зудтар аз он макон бардошта шаванд. Саранҷом пас аз ду ҳафта тазоҳурот дар Байтулмуқаддас давлати Исроил дарвозаҳоро бардошт.

"Ҷаҳони ислом ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки вазъи Масҷид ул-Ақсо, ки муҳимтарин ниёишгоҳи мусулмонон аст, ба гунае тағйир дода шавад. Касоне, ки мехоҳанд ба баҳонаи мубориза бо теруризм бедодӣ кунанд, ин нуктаро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд. Коре, ки шуда, дар ҳеч чорӯбе — на динӣ, на сиёсӣ ва на башарӣ, намегунҷад", — навиштааст Рамазон Қодиров.

Ба ақидаи Қодиров, давлати Исроил медонист, ки ҷаҳони ислом дар паи ҳар кунишаш вокуниш хоҳад кард.

Вай бар ин бовар аст, ки ниҳодҳои Исроил ба ҷои бозҷӯии ҷиноят ва муҷозоти муҷримон "хашмашонро бар сари ин макони муқаддаси ислом фурӯ рехтанд" ва "чораҳои номуносибе дар баробари мардуми осоишта амалӣ карданд".

"Барои пешгирӣ аз ингуна иқдомот, бояд санаде таҳияву тасвиб кард, ки монеъ аз ҳаргуна ҳокимияти Исроил бар ин макони муқаддаси исломӣ шавад ва онро таҳти ҳокимияти воқеъии Урдун боз гардонад", — таъкид кардааст вай.

Рамазон Қодиров ҳушдор додааст, ки дар ғайри ин сурат, хатари сар задани ҳаргуна ҳодисае боз мемонад, ки ҷӯяндагони баҳона барои идомаи муноқиша ва бастани дари Масҷид ул-Ақсо аз он суъистифода хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0