ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Олимон аз Канада дар мисоли истиқоматкунандагони кишвари худашон ба хулосае омаданд, ки дасткашӣ аз одатҳои бад ва серҳаракатӣ ба ҳисоби миёна умри одамро то 18 сол дароз мекунад, менависад издание EurekAlert
Олимон нишондодҳои муоинаи тибии раёсати омори Канадаро дар солҳои 2009-2010 гирифтанд.
Ҳамин тавр олимон мегӯянд, ки сӯиистифода аз тамоку, машрубот, тановули бетартибона ва камҳаракатӣ бо ҳисоби миёна умри одамро ба 6 сол кам мекунад.
Мутахассисон муайян карданд, ки 26 фоизи фавт бо кашидани тамоку марбут аст. Заноне ки чунин одати бад дорад, умрашон 3 сол кӯтоҳтар мешавад, аз они мардон- 3,1 сол.
Вобаста бо камҳаракатӣ — 24%, бо тановули бетартиб 12%, 0,4% истеҳмолкунандагони машрубот одаон мефавтанд.
Одамоне, ки тарзи ҳаёти солим ба сар мебаранд, бо ҳисоби миёна 17,9 сол умри дарозтар мебинанд, қайд кардаанд олимон.
Ғайр аз ин олимон пешниҳод намуданд, ки хатарҳои инфиродиро хоҳишмандаон метавонанд дар сомонаи ташкилнамудаи онҳо дастрас кунанд.