ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Иттиҳодияи моҳипарварони вилояти Хатлон иттилоъ дода, ки дар нимсол 341 ҳазор тон моҳӣ тавлид ва парвариш карда ва барномарезӣ кардаанд, ки то поёни сол беш аз 1,5 ҳазор тон моҳӣ тавлид кунанд.
Ҳамакнун дар ин вилоят 190 ширкати моҳипарварӣ фаъол аст ва дар 1,9 ҳазор ҳектор замин барояшон ҳавзҳои парвариши моҳӣ сохта мешаванд.
Бино бар додаҳои Созмон омори Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли 2017 дар саросари кишвар камобеш 395 ҳазор тон моҳӣ тавлид шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар ин муддат 6,7 милюн дулор баровард шуда, ки нисбат ба ҳамин давра дар соли гузашта 11,7 дарсад афзоишро нишон медиҳад.