ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷамъияти мазкур дар майдони умумии 895 гектар доман густурдааст, ки аз ҷумла 685 гектари онро кӯлу ҳавзҳо ташкил дода, барои парвариши моҳии молӣ равона шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти моҳипарварон, ки аз гӯшти парҳезии моҳӣ омода шудаанд, дидан карда, бо дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурии моҳипарварон шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 42 гектар кӯл барои модармоҳӣ ва 60 гектар барои парвариши кирминамоҳӣ пешбинӣ шудааст.
Дар кӯлу ҳавзҳои ин мавзеъ 10 миллион кирминамоҳӣ ва 300 ҳазор моҳии яксола барои истеҳсоли гушти моҳӣ парвариш меёбанд.
Дар 20 гектар се намуди моҳӣ: амури сафед, зағорамоҳӣ ва пешонапаҳнро ба миқдори 20 ҳазор дона моҳӣ парвариш карда истодааст.
Моҳҳои ноябр ва декабри соли 2017 иҷоракор мақсад дорад, ки 20 тонна моҳии истеҳсоли ноҳияро ба бозорҳои кишвар ба фурӯш барорад.
Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби моҳипарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бозорҳои мамлакатро бо гӯшти моҳӣ таъмин мекунад, изҳори қаноатмандӣ кард.
Зикр шуд, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон 29 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, нақшаи истеҳсоли моҳӣ дар як сол 350 тоннаро ташкил медиҳад, ки моҳипарварон аз ин ҳам бештар истеҳсол менамоянд.
Моҳипарварон аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Парваришгоҳи моҳии хушзот" дар 7 моҳи соли ҷорӣ 61 тонна моҳӣ ба савдо бароварданд, ки метавонанд дар иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гарданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2008-ум барои рушди соҳаи моҳипарварӣ истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагӣ бояд ба 650 тонна расонида шавад.
Хоҷагӣ дар ҳавзҳои худ парвариши кирминамоҳиро ба роҳ монда, баъдан онро дар ҳавзҳои хоҷагӣ нигоҳубин менамояд.
Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи "Моҳии хушзот" 40 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мебошанд.
Дар вилояти Хатлон дар соли 2016-ум истеҳсоли моҳиро ба 1 ҳазору 524 тонна расониданд, ки ин 75 фисади дурнаморо ташкил медиҳад.
Моҳипарварони вилояти Хатлон ният доранд, ки дар соли 2017 истеҳсоли гӯшти моҳиро то ба 1 ҳазору 540 тонна боло бардоранд.
Зикр шуд, ки дар 7 моҳи соли равон истеҳсоли моҳӣ ба 341 тонна расонида шуд, ки 103 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Ба иттилои Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон, баъди қабули барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ теъдоди хоҷагиҳо ба 190 адад расида, барои онҳо 1 ҳазору 940 гектар замин ҷудо шудааст ва сохтмони ҳавзу кӯлҳо ҷараён дорад.