ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. ВУД ҶТ дирӯз шом бо намоиши филме дар телевизиюни саросарии Тоҷикистон аз ошкор кардани гурӯҳи теруристие хабар дод, ки муттаҳам ба куштани бархе аз чеҳраҳои сиёсиву илмиву фарҳангиву расонаии Тоҷикистон ва афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе мешавад.
Маркази матбуъотии ВУД ҶТ дар ин филм аз боздошти се тан аз аъзои "гурӯҳи ҷиноятпешаи махсусан хатарнок" ба раҳбарии Абдуқодир Абдуллоев маъруф ба Рустами Норакӣ хабар дод. Тағоймурод Ашрапов маъруф ба Алӣ ва Саймуҳриддин Қудратов маъруф ба Авлиё ва Эшонро низ аз аъзои ин гурӯҳ муъаррифӣ шудаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки бо дастгир кардани ин гурӯҳ омилони қатли бархе аз чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии тоҷик, аз ҷумла Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Карим Юлдошев, муфтӣ Фатҳуллохон ва низомиёни пойгоҳи 201 Русияро ошкор кардааст.
ВУД ҶТ дар ин филм иддиъо кардааст, ки ин кушторҳо бо пуштибонии моливу низомии Эрон ва ба дастури муъовини пешини вазири дифоъи ҶТ Абдуҳалим Назаров анҷом дода шудаанд.
Чунончи, ҳар кадоме аз боздоштшудагон дар бозпурсии нерӯҳои амниятӣ эътироф кардаанд, ки дар солҳои 1990-ум муддате дар Қуму Гургон ва Машҳаду Теҳрон омӯзиши ҷангӣ ва тахрибкорӣ дида ва шиносномаи эронӣ дарёфт кардаанд.
Онҳо дар ин филм худро аз ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим — Абдуҳалим Назаров дониста ва иқрор кардаанд, ки аз ӯ барои қатли чеҳраҳои сиёсиву фарҳангиву расонаии тоҷик ва низомиёни пойгоҳи 201 Русия ба манзури "афзоиши бадбинии мардум нисбат ба ҳукумат" дастур ва пул гирифтаанд.
Ин боздоштшудагон пушмаймонӣ кардаанд, ки "иштибоҳан узви ҲНИТ шудаанд, чун намедонистанд ин ҳизб як созмони теруристӣ буда, аз тарафи Эрон сармоягузорӣ мешуд".
Аз вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раҳбарони ҲНИТ ба ин филм то ин соат хабаре мунташир нашудааст.