ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз ба ноҳияҳои Хуросону Ҷомӣ сафар кард.
Дар мулоқот бо раҳбарону сокинони ин манотиқ Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "чанд рӯз пештар дар мулоқот бо сокинони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён доир ба фаъолияти хуби роҳбарону соҳибкорони ноҳияи Шаҳритус зикр кардам, ки чӣ гуна корхонаи атласу адрасбофӣ бунёд карда, даҳҳо нафар занону духтаронро бо ҷойи кор таъмин намудаанд. Ҳамин гуна имкониятҳо дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомиву Хуросон низ мавҷуданд ва аз онҳо бояд самаранок истифода бурда шавад".
Дар идомаи суҳбат раҳбари давлат аз коҳиши истеҳсоли маҳсулот изҳори нигаронӣ кард.
"Дар ноҳия истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ таъмин нагардида, шӯршавии заминҳо ба назар мерасад. Дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулот кам гардида, кишоварзон ба кишти сабзавот кам аҳаммият медиҳанд", гуфт раисҷумҳур.
Раисҷумҳҳур аз имконоти фаровони моҳипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёдоварӣ карда, дар ин росто ба Вазорати кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳии Тоҷик" ва роҳбарону мутахассисони ноҳияро вазифадор кард, ки бо истифода аз ин имкониятҳо доир ба рушди моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо ин намуди маҳсулоти парҳезӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.