ДУШАНБЕ, 9 авг— Sputnik. Бино ба иттиллоъи равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, нишаст рӯзҳои 3-4 август дар шаҳри Чолпон-Атаи Қазоқистон баргузор шуд.
Ба гузориши манбаъ, вазирон дар ин ҷаласа 14 масъалаи марбут ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи ИДМ пурра баррасӣ карда, барои ҳамкориҳо дар соли оянда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар ин ҷаласа ҳамкориҳои фарҳангӣ соҳаи афзалиятнок ҳамгироии байнидавлатӣ номида шудааст.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Борис Светлов ва дигарон нақши Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳои фарҳангии бисёрҷониба ва дуҷониба, иштироки намояндагони он дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии ИДМ, баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва намоишгоҳҳои мухталиф хуб арзёбӣ карданд.
Масъули баргузории бозиҳои Делфии ИДМ Владимир Николаевич Понявин ҷиҳати иштироки фаъолонаи намояндагони Тоҷикистон дар ин Бозиҳо изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Шамсиддин Орумбекзода ҳамчунин дар ҳошиаи ин ҷаласа бо вазирони Беларус, Қирғизистон, Озарбойҷон мулоқотҳои дуҷонибаи судманд анҷом додааст.