Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми августи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Дар чорчӯби ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар бунгоҳҳои кишоварзии деҳаи Ҳаваскор аз ҷамоъати деҳоти Тахти Сангин шинос шуда, ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои кишоварзию чорводорӣ ва санъатии ин ноҳияҳо дидан кард.
Дар ноҳияи Шаҳритус Эмомалӣ Раҳмон аз бунгоҳҳои кишоварзии ҷамоъати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов боздид кард ва бо фаъолияти кишоварзоне ошно шуд, ки дар парвариши сабзавоту полезӣ, пахта, боғдорӣ ва тавлиди дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд.
Дар ноҳияи Носири Хусрав раисҷумҳур бо вазъи киштзори бунгоҳҳои кишоварзии "Авазбобо", "Каромат", "Оғобек-2012", "Одилҷон" ва "Каримбобо" ошно шуда, аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳия ноҳия низ боздид кард.








