ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Хабаргузории Тоҷик.ТА бо истинод ба расонаҳои афғонӣ менависад, ки харбузаҳо бо иллати набуди иҷозати убури марз? шаш рӯз дар Тоҷикистон мондаанд.
Масъуд Ваҳдат раиси бахши содироти бозаргонии Қундуз бар он аст, ки таъхирҳо барои он аст, ки Тоҷикистон низ яке аз содиркунандагони харбуза барои Русия мебошад.
Палатаи савдо ва саноати Афғонистон аз иқдом накардани Афғонистон барои ҳалли ин мушкилот, нигарон аст.
Таҳлилгари афғон Ҳошим Расулӣ қайд кардааст, ки Афғонистон содиркунандагонро ҳимоя намекунад.
Имконот зиёд аст. Масалан ҳукумат метавонист ба Созмони тиҷории ҷаҳонӣ шикоят барад. Чунин ҳодиса ҳамчунин бо меваҷоти Афғонистон, ки бояд ба Ҳиндустон содир мешуд рух дод.
Барои тоҷирони Афғонистон бозори Русия бисёр муҳим аст, чун нархи маҳсулоти полезӣ ин ҷо нисбат ба Афғонистон ба маротиб болотар аст.