Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи миллӣ - "харбуза"-и Ҳисорро ифтитоҳ кард

Обуна шудан
Бинои Чойхонаи миллии ноҳияи Ҳисор дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи Баракат аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Шаҳрофар тарҳрезӣ ва бунёд шудааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди худ аз ноҳияи Ҳисор, ки 3000-солагии он ҳоло таҷлил мешавад, дар маросими ифтитоҳи Чойхонаи миллии он иштирок кардааст, — менависад, сомонаи президенти кишвар.

То рӯзи 3000-солагии Ҳисор бунёди иншооти ҷашнӣ ба анҷом мерасад

Бинои Чойхонаи миллии ноҳияи Ҳисор дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи Баракат аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Шаҳрофар тарҳрезӣ ва бунёд шудааст.

"Чайхонаи миллӣ, ки аз рӯи услуби хосси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбуза сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад", — афзудааст, манбаъ.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, дар ошёнаи якум бо 1600 метри мураббаъ толори дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи бунёд шудааст.

Оғози маросими таҷлил аз 3000-солагии Ҳисор бо ширкати Раҳмон

"Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст", — илова кардааст, сомонаи президент.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи ин боздиди худ дар маросими ифтитоҳи ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз сӯи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуд, иштирок кардааст.

Корҳои сохтмонӣ бахшида ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор дар ин ноҳия моҳи сентябри соли 2014-ум оғоз гардида буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири иштирок дар маросими бахшида ба ин ҷашн субҳи 27 октябр ба ноҳияи Ҳисор сафар кард.

Лентаи хабарҳо
0