"Пайрави Пешвои миллат": бо сарпарастии Р. Эмомалӣ 150 ҷавон дар Суғд гардиш карданд

© Sputnik / Стас ЭтвешФонтан в Худжнаде, архивное фото
Фонтан в Худжнаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон 150 нафар аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, зз 3 то 6 август дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва  ВКД, мақомоти Суғд Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор шуд.

Ба гузориши манбаъ, ин чорабиниро президенти Федеросюни футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ сарпарастӣ кард.

Форуми "Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат" 150 ҷавононро аз манотиқи гуногуни кишвар ба ҳам овард.

Ҷавонон аз ноҳияи Айнӣ, шаҳри Истаравшан, ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳри Исфара, Хуҷанд боздид карданд.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии мақомоти Суғд аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав

Рӯзи 4 август дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов Форуми аввалини ҷумҳуриявии намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони "Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат" бахшида ба "Соли ҷавонон" бо баргузории ҷаласаи васеъ ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар баргузории он раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилҷон Салимзода, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва намояндогони масъул, инчунин ҷавонону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТҶавонони тоҷик дар вилояти Суғд
Ҷавонони тоҷик дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонони тоҷик дар вилояти Суғд

Раиси ноҳия зимни сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки маҳз дар замони Истиқлолият баҳри беҳбудии ҷавонон нақшаҳои ҳадафманд амалӣ гардиданд.

Инчунин, дар рафти Форуми мазкур сардори раёсати кор бо ҷавонони кумита ҳозиринро ба "Соли ҷавонон" шодбош гуфта, нерўи зеҳнию ҷисмонии ҷавононро дар ҳама давру замон яке аз омилҳои муҳими инкишофи давлат ва пешбурди ҷомеа донист.

Иштирокчиён дар охир аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ ва Кохи таърихии "Қасри Арбоб" дидан намуданд.

Дар Форуми мазкур 150 нафар ҷавонон аз тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар рӯзҳои баргузории он чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи баланд, аксияҳо ва саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд ва мусобиқаҳои варзишӣ доир гардид.

Лентаи хабарҳо
0