ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Спитамен бо сокинони маҳаллӣ дар бораи гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав мулоқот карданд.
Ба гузориши равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, масъулини ноҳияи Спитамен бо сокинони шаҳраки Навкат мулоқот карданд.
Дар ин дидор, муовини раиси ноҳия Илҳом Саидзода, сардори шуъбаи КДАМ, Қобилҷон Мақсудов ва сардори ШВКД дар ноҳия Шамсиддин Зуҳурзода ширкат кардаанд. Ҳамчунин, дар фаъолони ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрак, занон, ҷавонон, раисони кумитаи маҳаллаҳо дар ин дидор ҳузур доштаанд.
Ба гузориши манбаъ мулоқотро муовини раиси ноҳия Илҳом Саидзода ифтитоҳ намуда, аз гаравидани ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ изҳори нигаронӣ кардааст.
Сардори КДАМ Қобилҷон Мақсудов ва сардори ШВКД Шамсиддин Зуҳурзода таъкид доштаанд, ки аҳли ҷомеа бояд дар мубориза бо пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундравбетараф набошанд ва бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.