Гармии тоқатфарсо: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевЖара в Таджикистане, архивное фото
Жара в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз,8 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабру бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо ҳарорати ҳаво ба 42 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 8 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ҳаво то 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад.

Закат над Амударьей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи гарм ва офтобӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 31 то 36 дараҷа ва дар шарқи он аз 20 то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 37 то 42  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 35 то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0