ДУШАНБЕ, 7 авг— Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 7 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад.
Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 29 то 34 дараҷа ва дар шарқи он аз 19 то 24 дараҷа гарм хощад шуд.
Дар вилояти Хатлон щарорати ҳаво аз 35 то 40 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 31 то 36 дараҷа гармхощад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 35-40 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 19-20 ва рӯзона 37-39 дараҷаро ташкил хоҳад дод.