ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 3 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Тибқи додаҳои манбаъ, ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 28 то 33 дараҷа ва дар шарқи он аз 18 то 23 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, чангу ғубор ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво аз 36 то 41 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 34 то 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 19-24 ва рӯзона ба 35-40 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона 37-39 дараҷаро ташкил хоҳад дод.