ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар ин қарордод, ки имрӯз дар Теҳрон имзо шудааст, корхонаи ширкати муштараки тавлиди худравҳои "Renault" дар шаҳри Сова сохта хоҳад шуд.
Қарор шуда, ки ширкати худравсозии "Renault" марокизи тавзеъ, фурӯш ва хадамоти пас аз фурӯш дар Эрон таъсис кунад. Ҳамчунин қарор аст як маркази муҳандисӣ ва харид барои ҳимоят аз қитъасозони эронӣ ва як корхонаи тавлидӣ бо зарфияти аввалияи тавлиди солона 150 ҳазор худрав дар Эрон сохта шавад.
Ин корхона се ҳазор корманд хоҳад дошт. Марҳалаи нахусти иҷроии қарордод бо "Renault" ба арзиши 660 милюн евро барои тавлиди 150 ҳазор дастгоҳ мошин аст, ки нахустин тавлидоти он авоили 2019 вориди бозори Эрон мешавад.
Гуфта мешавад, ки 60 дарсади саҳҳоми ин ширкати муштарак аз они ширкати "Renault" ва 40 дарсад аз они Эрон бошад ва 30 дарсад аз тавлидоти он бо масъуляти ширкати "Renault" бояд содир шавад.