Қазоқистон ҳам ба Тоҷикистон худрав хоҳад фурӯхт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкСборка автомобилей, архивное фото
Сборка автомобилей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати тоҷикии "Ҳолдинг Азия Групп Тоҷикистон" бо ширкати қазоқии "СариарқаАвтоПром" барои хариду фурӯши ду ҳазор худрав қарордод баст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Бар пояи ин қарордод, ки 24 милюн дулор арзиш дорад, ширкати қазоқӣ таъаҳҳуд кардааст ду ҳазор худрави савории Peugeot 301 ва JAC S3 ба ширкати тоҷикӣ таҳвил бидиҳад.

Худрави RAVON дар намоишгоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Узбакистон худрав мехарад

Ба гузориши бунгоҳи ТоҷикТА, қарордоди хариду фурӯши худрав дар паи музокироти намояндагони ширкати бимаи KazakhExport, ширкатҳои худравсозии "СариарқаАвтоПром" ва Hyundai Trans Auto бо масъулини тоҷикӣ имзо шудааст.

Пеш аз ин ширкати тоҷикии "Тоҷ Моторс" ва ширкати худравсозии "Узсавтосаноат" дар бораи хариду фурӯши худрав ба тавофуқ расида буданд.

Презентация нового автомобильного бренда RAVON - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: худравҳои узбакӣ дар Тоҷикистон харидор доранд

Ин тавофуқ дар чорчӯби ҳамоиши бозаргоние ба даст омад, ки дар ҳошияи нахустин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Душанбе баргузор шуд. Тавофуқномаи хариду фурӯши худравҳои савориро мудири ширкати "Тоҷ Моторс" Зиё Алигулов ва мудири иҷроии ширкати саҳҳомии "Узавтосаноат" Сарвар Қодиров имзо кардаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0