ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. ВУХ Ҷумҳурии Халқи Чин дар баёнияе мухолифати шадиди худро бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико, аз ҷумла таҳримҳое, ки ахиран дар Вашингтон бар зиёни Русия, Эрон ва Куреи Шимолӣ тасвибу имзо шудаанд, эълом кард.
Дар ин баёния Пекин ёдоварӣ карда, ки ҳамеша бо корбурди таҳримҳои якҷониба бар зиёни ҳар кишваре мухолиф аст ва боварманд аст, ки муноқишаҳои байналмилалӣ миёни кишварҳо бояд бар пояи арҷгузории дусӯя ва равишҳои муносиб ва бо гуфтугӯи мунсифона ҳаллу фасл шаванд.
Сухангӯи ВУХ Чин низ пеш аз ин мухолифати Пекинро бо ин таҳримҳо эълом карда буд.
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп 2 август тарҳи ҷомеъи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида бар зиёни Куреи Шимолӣ, Эрон ва Русияро, ки дар Маҷлиси намояндагони ва Сенати Амрико тасвиб шуда буданд, имзо гузошта ва онро табдил ба қонун кард.
Русия ва Эрон низ пеш аз ин шадидан бо ин таҳримҳо мухолифат карда буданд ва таъкид карданд, ки ба он вокуниш хоҳанд кард. Дар ҳамин росто Русия 755 корманди сафорати Амрикоиро аз кишвар хориҷ кард.