ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, рӯзи 1 август дар шаҳраки 104-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдони варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ гардид, ки барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакон шароит фароҳам кардааст.
Ин майдонро шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ифтитоҳ кард.
Иншооти варзишӣ аз майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинон, айвон барои гузаронидани расму анъана ва чорабиниҳои оммавӣ ва нишасткурсиҳои сершумор дар атрофи майсазорҳо иборат мебошад.
Масоҳати умумиаш 5792 метри мураббаро дар бар гирифтааст.
Сохтусози ин ҷойгоҳ аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии "Сементи Тоҷик" бо маблағи беш аз як милюну 50 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки ин фароғатгоҳ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 26-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ба истифода дода шудааст.