ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, раиси пойтахти Тоҷикистон бо имзои як қарор дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҷадид, ки ҷануб ва ғарби Душанберо хоҳад пайваст, хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, бо мақсади хизматрасонӣ дар ин самт барои шикратҳои хоҳишманд тендер эълом шудааст.
Дар ин росто комисссия вазифадор шудааст, ки ҷиҳати интихоби ширкати хизматрасон дар хатсайри пилотии мусофирбарии дохилишаҳрии рақами 50 "Маҳаллаи Чоряккорон — Терминали мусофирбарии ҶСП "Фароз" ҳуҷҷатҳои заруриро омода кунад.
Назорати иҷроиқарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Душанбе – сарпарасти соҳа вогузор карда мешавад.
ҳамин тавр дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе хатсайри ҷадид таҳти рақами 50 пайдо хоҳад шуд, ки ҷануб ва ғарби Душанберо мепайвандад.