Моҳи охирини тобистон: обу ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото
Мужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз якуми август, моҳи охирини фасли тобистон. Обу ҳавои Тоҷикистон ҳамоно бо гармиаш шаҳрвандон ва меҳмононро шод мекунад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, якуми август дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда дар баъзе аз минтақаҳо ҳарорати ҳаво ба 41 дараҷа мерасад.

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 30 то 35 дараҷа ва дар шарқи он аз 19 то 24 дараҷаро ташкилхоҳад дод.

Дар вилояти Хатлон дар водиҳо ҳарорати ҳаво аз 36 то 41 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 35 то 40 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо аз 36 то 41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат аз 38  то 40 гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0