ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik, Нӯшин Раҳимӣ. Камобеш 21 ҳазор донишомӯхтагони тоҷик аз имтиҳоноти Маркази тестии Тоҷикистон нагузаштанд. Онҳо ба бахши тақсимот ба донишгоҳҳо роҳ дода нашуданд.
Бино ба гузориши Маркази миллии тестии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол беш аз 90 ҳазор довталаб дар супоридани имтиҳон аз ду бахш — А (санҷиши умумӣ аз фанни риёзӣ, забони давлатӣ, адабиёт, таърих ва асосҳои давлату ҳуқуқ) ва Б (санҷиши тахассусӣ) ширкат кард.
"23 дарсад аз кулли довталабоне, ки дар ин имтиҳонот ширкат карданд, аз озмун нагузаштанд. Дар кулл вазъ нисбат ба соли гузашта тағйир наёфтааст: соли 2016 низ аз кулли довталабон 24 дарсад ё 18,7 ҳазор кас ба даври тақсимотӣ роҳ наёфтанд", — хабар дод ёвари мудири ММТ Абдувосит Юлдошев.
Ба қавли ӯ, имсол шартҳои вуруд дигар шудаанд: имтиёзҳо барои вуруд аз рӯи чанде аз фаннҳои алӣ баланд карда шуданд.
Шартҳои имтиҳонот аз соли 2018 мушкилтар хоҳанд шуд. Навиштани иншо аз соли 2018 ҳатмӣ хоҳад шуд. Иншонависӣ дар имтиҳонот бисёр муҳим, мегӯянд кормандони марказ, зеро хонандагони тоҷик забони модарӣ ва адабиётро дар муқоиса бо дигар фаннҳо бадтар медонанд.
"Дар иншонависӣ дар имтиҳонот ду маврид ба назар гирифта мешавад: мазмун ва имло. Матн бояд аз ду сафҳаи А4 иборат бошад ва қисмҳои зеринро дар бар гирад: тарҳи масъала, дидгоҳи нависанда, намуна аз адабиёту зиндагӣ ва натиҷагирӣ", — мегӯяд раҳбари шуъбаи тестии марказ Ҷамшед Азимов.
Дар ин росто интизор меравад, ки барои донишомӯхтагони мактабҳои русӣ навиштани иншо ба забони тоҷикӣ душвор шавад, вале кормандони Марказ мегӯянд, ки дар ҳар мактаби русӣ дарси забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва набояд ин масъала ташвишовар бошад.
Имтиҳоноти вуруд имсол дар Тоҷикистон 1 июл шуруъ шуданд. Беш аз 90 ҳазор довталаб хостори ширкат дар имтиҳонот шуд. Соли гузашта шумораи куллии довталабон 80 ҳазор нафарро ташкил карда буд. Соли 2016 аз 80 ҳазор довталаб 36 шаҳор нафар ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон дохил шуданд.