"Раҳмат": Рустам Эмомалӣ низоми электронии пардохтро санҷид

© SputnikРустам Эмомали проверяет работу системы электронного платежа
Рустам Эмомали проверяет работу системы электронного платежа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низоми пардохти электронӣ дар марҳилаи ибтидоӣ дар 29 автобус ва 28 троллейбуси хатсайри марказии шаҳри Душанбе, яъне хиёбони Рӯдакӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Бино ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе, раиси пойтахти Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ рӯзи 21 июл дар  маросими рӯнамои тарҳи намунавии "Корти шаҳрӣ"-и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар доир гардид.

Лоиҳаи низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати "IBA-Group" Белорусия  тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешавад.

Рустам Эмомали на строительстве новой школы - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ба тоҷирони “Корвон”: ду сол аз пардохти иҷора озод мешавед

Ба гузориши манбаъ, гузариш ба  пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар се марҳила татбиқ мегардад.

Низоми пардохти электронӣ дар  марҳилаи ибтидоӣ дар 29 автобус  ва 28 троллейбуси хатсайри марказии шаҳри Душанбе, яъне хиёбони Рӯдакӣ  ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст.

Бино ба маълумот раиси шаҳри Душанбе  зимни шиносоӣ бо тарҳи нави пардохти роҳкиро таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои манфиатбахши хизматрасонӣ ва риояи бечунучарои қоидаҳои мусофирбарӣ бо дарназардоршти амнияти мусофирон ва хатсайру истгоҳҳои муайяншуда ҷалб кард.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ дари марказҳои дилхуширо ба рӯйи наврасон баст

Гуфта мешавад,ки мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд, аз ронанда, назоратчӣ ҳамчунин аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ  дастрас намоянд.

Дар нақлиёти шаҳрӣ барои қабули пардохтҳои электронӣ таҷҳизоти махсус (валидатор) насб шудаанд

Мусофир ҳангоми ворид шудан ба нақлиёт кортро ба  болои таҷҳизоти қабул —  валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ  дар табло  калимаи "Раҳмат " ва агар дар корт маблағи лозимаи пардохт мавҷуд набошад, истилоҳи "Қабул нашуд" пайдо мешавад.

Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат мекунанд. Мусофирон метавонанд, корти роҳкироро аз назоратчӣ ё ронанда дастрас намоянд. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад, маблағи роҳкирро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид гирад.

Дар автобусу троллейбусҳо мониторҳои  иттилоотӣ бо нишон додани масири  хатсайр ва истгоҳҳо амал мекунад.

Барои нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд кортҳои имтиёзнок ҷорӣ шудаанд.

Шакли электронӣ барои пардохт қулай буда, ба баланд бардоштани сатҳ  ва фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намудҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт бо воситаи маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи нақлиёт дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти мусофирон, кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар нақлиёт мусоидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0