ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, ин ҷавон чанд маротиба манзили иҷорагирифтаашро барои алоқаи ҷинсӣ ба хоҳишмандон додааст.
Тибқи ититлоъи манбаъ, ӯ 30 июл дар манзили воқеъ дар кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе, ба марди 29-сола ва зани 32-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 180-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ӯ рӯзи 29 июл тахминан соати 19:30 ҳамин манзилро ба ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, барои алоқаи ҷинсӣ намудан супорида, аз онҳо 170-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин номбурда, худи ҳамон рӯз тахминан соати 18:30-дақиқа, хонаи ба иҷорагирифтаашро ба марди 31-сола ва ҷавондухтари 20-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ супорида, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.