ДУШАНБЕ, 18 июли — Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зани 35-солае аз ноҳияи Ҳисор ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шуд.
Ба гузориши манбаъ, ин зан рӯзи 15 июл дар яке аз ҳуҷраҳои ин бунгоҳ, ба зани 24-солае аз ноҳияи Шаҳринав ва марди 29-солае аз шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам намуда, аз онҳо 140 сомонӣ дарёфт кардааст.
"Ҳамчунин ӯ бо ҳамин роҳ яке аз ҳуҷраҳои бунгоҳи муолиҷавии "Қаратоғ"-ро ба зани 32-солае аз шаҳри Турсунзода, ҷавонони 22 ва 26-солае аз ноҳияи Шаҳринав ва зани 29-солае аз ҳамин ноҳия барои алоқаи ҷинсӣ вогузор карда ва аз онҳо 140 сомонӣ пул гирифтааст", — омадааст дар иттилоъия.
Манбаъ меафзояд, ки нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Пештар хабар дода шуд, ки зани 58-солае аз Душанбе ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шуда буд. Ӯ пештар ҳам зиндонӣ шуда буда ва хонаеро, ки иҷора гирифтааст, ба фоҳишахона табдил додааст.