ДУШАНБЕ, 20 июл— Sputnik. Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон дар фарохоне аз нафарони то 35-сола даъват кардааст дар мавзуъи муҳоҷират матолибе омода кунанд.
Бино ба фарохоне, ки дафтари СБМ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор додааст, аз хоҳишандон хоста шуда матолибе дар мавзуъҳои "муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон: имконот ва ҷолишҳо", "сарнавишти муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳояшон", "қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои муҳоҷирпазир дар заминаи танзими муҳоҷират" таҳия кунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки ин озмун танҳо барои донишомӯзон эълом шуда, мӯҳлати охирини супоридани матлаб 30 июл муқаррар шуда буд, вале акнун озмун миқёси васеътар касб карда, барои ҳамаи хоҳишмандони то 35-сола эълом шудааст ва мӯҳлати охирини супоридани матлаб то 30 августи соли ҷорб тамдид гардидааст.
Манбаъ шартҳои ширкатро ба шакли зер тасвир кардааст:
Матлабатонро дар мавзуъи муҳоҷират дар сафҳаи худатон дар ягон шабакаи иҷтимоӣ ҳамроҳ бо ҳештэги #iomtajikistanozmun ва #iomtajikistan мунташир намоед (истифодаи ҳештэг ҳатмист!);
Пайванд (линк)-и навиштаатонро ҳамроҳ бо дархостомаи иштирок ба имейли applications.tj@iom.int фиристед. Дархостномаи иштирок ва қоидаҳои муфассал дар торнамои www.iom.tj дастрас аст.
Матолиби дарёфтӣ аз рӯи чанд меъёр, аз ҷумла "огаҳӣ аз мавзуъ, тасвири воқеъият дар мавод ва таъсири эҳтимолӣ; асолати мавод, пӯшиши ҷолибу эҷодиии мавзуъ; эҷодкорӣ дар пешниҳоди мавод, мавқеъи муаллиф; возеҳият ва соддагии баён" арзёбӣ хоҳанд шуд.
Ин озмунро СБМ дар ҳамкорӣ бо Бунгоҳи ИМА барои тавсеъаи байналмилалӣ (USAID) ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон ва Соли ҷавонон дар Тоҷикистон баргузор кунанд. Ҳадаф аз он "ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷавонон ба масоъили муҳоҷирати корӣ, афзоиши сатҳи огоҳии ҷомеъа дар бораи муҳоҷирати корӣ ва сарнавишту ҳуқуқи муҳоҷирон ва қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои муҳоҷирпазир дар заминаи муҳоҷирати корӣ" эълом шудааст.
Дафтари СБМ эълом карда, ки таҳиякунандагони се матлаби беҳтарин ҷоизи гаронбаҳо дарёфт хоҳанд кард.