Виталий Левченко: ҳатман ба Тоҷикистон бармегардам

Обуна шудан
Мураббии пешини дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои корӣ нақл карда ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳо дод

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Сармураббии мунтахаби пешини ҷавонони Тоҷикистон чанде пеш фаъолияти варзишиашро дар Тоҷикистон қатъ карда ба Самара рафт. Левченко дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи фаъолияташ дар Тоҷикистон нақл кард.

Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод

Айни замон Виталий Левченко барои идомаи фаъолият ба дастаи "Крылья Советов"-и Самара гузаштааст. Ӯ ёрдамчии Андрей Тихонов, ки низ чанде пеш сармурабии ин дастаи Русия таъин шуд, мебошад. Левченко дар паи ин дигаргуниҳо аз сармурабигии дастаи "Барқчӣ" Ҳисоб даст кашид.

Ба гурӯҳи мураббиёни дастаи Самара ҳамчунин мураббии дигари тоҷик, роҳбари дастаи "Хуҷанд" Владимир Ежуров ҳам дохил шуд.

Таҳти роҳбарии Виталий Левченко мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба феҳристи ҳаштгонаи беҳтарин дастаҳои футболбози Осиё-2016 ворид шуд.

"Бо Тоҷикистон маро фақат ёддоштҳои мусбат мепайвандад. Соли фаъолиятам дар дастаҳои Тоҷикистон беҳтарин буд. Дар қаҳрамонии Осиё мо ба феҳристи ҳаштгонаи беҳтарин ворид шудем. Мехоҳам ба бозигарон ва ҳамкасбонам ва ба роҳбарияти Федерусюни футболи Тоҷикистон барои рушд додани футбол дар кишвар дар чунин шароити мушкили иқтисодӣ миннатдориамро баён кунам. Мехоҳам ба ҳамаи дастаҳо ва бозигарон барои ба ҳадаф расидан ва иҷро кардани вазоифи дар пешашон истода комёбиҳо таманно кунам", — гуфт сармурабии пешини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Ӯ фаъолияташро дар дастаи "Крылья Советов" тавзеҳ дода қайд кард, ки чун дигар мураббиҳо мехоҳад рушди касбӣ дошта бшад ва маҳорату малакаҳои ҷадиде касб кунд.

Фарзона Ақназарова - Sputnik Тоҷикистон
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам

"Ин пешниҳод чунин имкониятро ба ман медиҳад. Агар малакаю дониши ман дар оянда ба Тоҷикистон лозим оянд, ҳатман ба хона бармегардам. Орзуямон буд, ки ба даври ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳонӣ U-19, ки дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ ёбем. Ман фикр мекунам, ки даста метавонад ин корро анҷом бидиҳад, ин корест ки ба ман даст надод", —гуфт Левченко.

Ба қавли Левченко дар Тоҷикистон ҳамеша футболбозони хуб ва боистеъдд буданду мешаванд, фақат бояд барои рушд шароит фароҳам кард.

"Агар ҳукумати Тоҷикистон футболбозонро дастгирӣ кунад, футболбозони тоҷик пешгомтарин дар Осиё мешаванд ва мухлисонашонро бо бозиҳои зебо ва натиҷадор шод мекунанд. Мехоҳам ба ҳаводорони футбол сабру хирад таманно кунам ва боқӣ натиҷа ҳатман пайдо мешавад", — бовар дорад Виталий Левченко.

Лентаи хабарҳо
0