ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВУД кормандони мақомоти интизомӣ рӯзи 27 июл ҷавони 18-соларо бо иттиҳоми ташкилкунӣ ё нигоҳдории фоҳишахона боздошт кардаанд.
Тибқи маълуоти манбаъ, ин ҷавон рӯзи 27-уми июл хонаи иҷорагирифтаашро воқеъ дар шаҳри Душанбе ба фоҳишахона табдил додааст.
Ӯ ба марди 31 ва зани 35-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Дар рафти тафтишоти милисаҳо муайян шудааст, ки ҷавон худи ҳамон рӯз, тахминан соати 16:30 ба ҳамин манзил марди 27-солаи сокини пойтахт ва зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро роҳ дода барои алоқаи ҷинсӣ намудан барояшон шароит фароҳам кардааст.
Ин ҷавон аз онҳо 120-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.
Гуфта мешавад, ки айни замон дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Пештар хабар дода шуд, ки зани 35-сола, корманди бунгоҳи дармонии "Қаратоғ" чанде аз ҳуҷраҳои ин бунгоҳро фоҳишахона гардондаст.