ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки марди 54-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт кард.
Бино бар гузариши манбаъ, номбурда дар се манзил — хонае дар кӯчаи Лоҳутӣ, Кошонаи ҳусн дар кӯчаи Назаршоев ва Кошонаи ҳусни табобатӣ дар кӯчаи Айнии пойтахт фоҳишахона ташкил карда, барои қабули "мизоҷон" пул гирифтааст.
"Чунончи, номбурда, дар кӯчаи Лоҳутӣ манзилеро муваққатан ба иҷора гирифта, ба марди 28-сола ва зани 29-солаи сокинони пойтахт барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 1000 рубли русӣ гирифтааст",- гуфта мешавад дар хабар.
Номбурда ҳамчунин рӯзи 21-уми июли соли 2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт дукони Кошонаи ҳусни табобатӣ кушода, кошонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 36-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 140-сомонӣ гирифтааст.
"Ҳамин тариқ, номбурда 19-уми июли соли 2017, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар кӯчаи Айнии пойтахт дукони Кошонаи ҳусни табобатӣ кушода, кошонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 35-сола ва зани 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст",- гуфта мешавад дар анҷоми гузориш.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.