ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Манижа Сангин сарояндаи машҳури тоҷик дар барномаи "Трансфарматор" ширкат кардааст.
Ин барномаро соҳибкори 29-солаи рус Дмитрий Портнягин ба ситораҳои Instagram бахшида ба тамошобинон дар бораи ҳаҷми даромад ва тарзи пулкоркунии корбарони ин шабака маълумот медиҳад. Ин барнома рӯзи 28 июл дар ютуб пахш шудааст.
Вале ба саволи ровии ин барнома, Манижа оиди ҳаҷми даромади худ посухи аниқ намедиҳад.
"Ба ростӣ ман аниқ ҳаҷми даромадамро намедонам", — мегӯяд сарояндаи тоҷик.
Ӯ ҳамчунин дар идома суҳбаташ қайд мекунад, ки мақсади аслиаш аз ташкили студияи Manizha "беҳтар кардани дунё" аст.
Дар ин барнома дар баробари Манижа дар бораи блогнависони машҳури Русия мудел Анастасия Решетова, варзишгар-блогнавис Анастасия Миронова, модари фаъол Ирина маълумот дода шуда, тарзи ба даст овардани даромад аз шабакаҳои интернет баррасӣ мешавад.
Вақтҳои охир ситораҳои шоу-бизнес бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ меоранд. Ва барои аксарияти онҳо Instagramу Faceboоk манбаъи аслии даромад шудааст.
Манижа Сангин-сарояндаи тоҷик дар Русия ба воя расидаасту айни ҳол бо клипҳои ғайриоддии худ дар шабакаи Instagram беш аз 200 ҳазор ҳамванд дорад.