ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Қарор буд, ки консерти овозхони машҳури тоҷик дар Маскав 7 июл баргузор шавад. Вале бо сабаби номусоидии боду ҳаво намоиши барномаи ҳунарии овозхони тоҷик ба таъхир уфтод.
"Консерти тобистона бо далели набуди тобистон ба таъхир гузошта шуд. Хатари зери борон мондан дар рӯзи 7 июл, бисёр бузург аст. Ман тамошобинамро дӯст медорам ва намехоҳам ӯро дар хатар гузорам",- навиштааст овозхон дар саҳифаи фейсбукаш ва илова кардааст, ки аз рӯз ва макони ҷадиди баргузории консерташ тамошобинонро ба зудӣ огаҳ хоҳад кард.
Овозхони тоҷики муқими Русия — Манижа Сангин чанде қабл консерти нахустинашро дар пойтахти шимолии Русия баргузор кард. Ӯ ният дорад ба зудӣ барномаи ҳунариашро дар Маскав низ намоиш диҳад.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳунарнамоӣ дар Маскав аз консерти Санкт- Петербург фарқ хоҳад кард, чун сароянда қасд дорад, дар ин консерташ дар рӯи об суруд хонад.
Барномаи ҳунарӣ бояд рӯзи 7 июл соати 20:00 дар театри сабзи ВДНХ дар Маскав баргузор мешуд.