ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон дар назди сокинон сухаронӣ кард. Тавре дар наворе, ки дар шабакаи Ютуб нашр шуд, дида мешавад, раисҷумҳур бо сокинон пас аз суханронӣ мулоқоте оростааст.
Дар рафти сӯҳбат кишвардори Тоҷикистон аз танзиму анъна ва нафъи он ба мардум ёдовар мешавад. Пас аз ин чанд духтари балҷувонӣ дар назди Эмомалӣ Раҳмон баромад мекунанду раисҷумҳуро чанд касеро аз онҳо ба наздаш даъват карда, ба яке қалам ва ба дигар соат тақдим мекунад.
Чунонечи духтаре ба сухан баромада, мегӯяд, ки донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Баъд аз ин, Эмомалӣ Раҳмон духтареро ба наздаш даъват карда, мепурсад:
— Аз кадом деҳа мешавӣ?
— Аз деҳаи Зарнисор
— Аз куҷои Зарнисор?
— Ҷамоати ба номи Сайид Раҳим
Раисҷумҳур қалам ё ручкаеро, ки дар дасташ медошт ба духтар тақдим мекунаду ба вай муваффақият таманно мекунад.
Пас аз ин кишвардори Тоҷикистон ба ҳозирон муроҷиат мекунад, " Ҳамон духтараке ки аввал баромад кард ва ҳуқуқшинос мешавам гуфт, канӣ? Назди ман ояд." Ва духтаре ба назди раисҷумҳур ҳозир мешавад.
"Мана ин соати назди президент, дар ҳамин ҷо гузоштанд… Инро аз Душанбе овардаанд. Ин духтар соати 7: 50 дар назди сарвари давлат дар ҳузури қариб 50 ҳазор сокинони ноҳияи Балҷувон суханронии мӯҳтаво карданд",- мегӯяд вай.
Дар рафти навор раисҷумҳур соатро ба ҷавондухтар тақдим мекунад.
"Ҳамин соатро бо иҷозати шумо, тӯҳфа мекунам. Дар ҳамин ҷо ақрабаки соата монад, ҳар руз ба ёд ораду хонад ва соле расад, ки ана ҳамин духтаркаи мо донишманди соҳаҳи ҳуқуқи байналмилали шавад",- таманно мекунад раисҷумҳур.
Духтар пас аз дасти Эмомалӣ Раҳмон гирифтани саот аз кишвардор муташаккир мешавад.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июл ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.