ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон маълум накардааст, ки оё боздоштшудагон дар Санкт- Петербург, ҷангиёни эҳтимолӣ шаҳрванди кишвари онҳост ё не.
Чанде пеш кормандони моқомоти интизомии Русия гурӯҳи тундравонеро дастгир карданд, ки эҳтимолан дар ба омода кардани инфиҷор дар роҳҳои оҳани шаҳри Петербург машғул буданд.
Ҷангиёнро дар корхонаи мошинсозӣ боздошт карданд.
"Мо ҳоло маълумоте дар даст надорем, ки оё касе аз боздоштшудагон шаҳрванди Тоҷикистон аст ё не",- гуфт ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи сафорат.
Посухи монандаро ба РИА Новости Сафоратҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ додаанд.