Раёсат: 8 дониҷӯе, ки дар хориҷ ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, баргаштанд

© UITСтуденты в университете , архивное фото
Студенты в университете , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин донишҷӯён "дар натиҷаи ташкил ва амалинамоии корҳои фаҳмондадиҳӣ" бв Тоҷикистон баргардонида шудаанд

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сардори раёсати умури дохилаи Суғд Шариф Назарзода  дар нишасти расонаӣ ба хабаргузорон иттилоъ дод, дар давоми 6 моҳи соли равон 8 сокини вилоятро, ки дар хориҷ  "ғайриқонунӣ таҳсили илми динӣ менамуданд", ба Ватан баргардонидааст. 

Ҷаноби Назарзода афзуд ин афрод "дар натиҷаи ташкил ва амалинамоии корҳои фаҳмондадиҳӣ" ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни баргашта сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Мастҷоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт мебошанд.

Раёсати умури дохила ному насаби онҳоро низ ба хабарнигорон маълум кард:

— Ғиёсов Тоҷиддин, соли таваллуд 1985, сокини ноҳияи Мастчоҳ. Ҳамроҳи ҳамсар ва 4 фарзанди ноболиғ; 
— Тоҳиров Файёз, соли таваллуд 1986, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамроҳи ҳамсар ва 2 фарзанди ноболиғ; 
— Садриддинов Аббос, соли таваллуд 1984, сокини шаҳри Панҷакент; 
— Муҳаммади Тўйчизод, соли таваллуд 1975, сокини шаҳри Панҷакент; 
— Юсуфов Фазлиддинхон, соли таваллуд 1988, сокини шаҳри Хуҷанд; 
— Солиҳов Саидбаҳром, соли таваллуд 1987, сокини шаҳри Гулистон; 
— Ҳомидов Умарҷон, соли таваллуд 1992, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; 
— Мўҳсини Матқосим, соли таваллуд 1991, сокини ноҳияи Ашт.

Маълум нест, ки ин донишҷӯён аз кадом кишвари хориҷ ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0