Фоҷиа дар Ванҷ: дар натиҷаи чаппа шудани худрав ба рӯд ду зан нопадид шуданд

© SputnikРека Варзоб, архивное фото
Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронанда аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромад ва худрав ба рӯди Ванҷоб чаппа шуд, ки дар натиҷа ду мусофир ба рӯд ғарқ шуданд

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад,  28-уми июли соли равон, тахминан соати 15:30 ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", марди 32-солаи сокини ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ванҷ ба самти деҳоти Пайшанбеобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, худравашро ба рӯди Ванҷоб чаппа кардааст. 

Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳодиса худи ронанда ва як мусофири дигар,  марди 28-солаи сокини деҳоти Врав ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ шуданд.

Аммо мутаасифона ду мусофири дигар- зани 32-солаи душанбегӣ ва зани 32-солаи  деҳоти Даштак ба дарё ғарқ шудаанд.

Ҳоло барои пайдо кардани ҷасади ду зани нопадидшуда, ҷустуҷӯҳо давом доранд.

Лентаи хабарҳо
0