Раиси шаҳри Хуҷанд ба 200 хонанда аз оилаҳои камбизоат пӯшок тақдим кард

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкШкольная ярмарка в Душанбе
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назди Китобхонаи Тошхоҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳ - фурӯшгоҳи донишафзорҳои мактабӣ оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳ муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода,  муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Хол, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва як қатор хонандагону волидон ва устодони мактабҳои миёнаи умумӣ ширкат доштанд.

Школьники Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон омӯзгорони рус кор хоҳанд кард

Заробиддин Файзуллозода дар ин маросим ёдоварӣ кард, ки ин намоишгоҳ-фурӯшгоҳ дар ростои иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Вай гуфт, ки бино бар нақшаҳои ҳукумати вилоят чунин намооишгоҳҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад. Ин тадбир имконият медиҳад, ки хонандагон аз маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ истифода баранд.

Ҳайдар Хол низ аз номи роҳбарияти вазорат ба ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, ташкилкунандагони чорабинӣ  миннатдорӣ баён кард ва аз маҳсулоти пешкаш намуда изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар рафти чорабинӣ ба 200 нафар кӯдакони камбизоат ва ятим аз номи раисҷумҳури Тоҷикистон пӯшоки мактабӣ тақдим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0