Панҷумин соли нашри маҷаллаи тоҷикӣ дар Чин: дидори Орумбекзода бо Хизркелдӣ

© Фото : Аз равобити умумии ВАзорати фарҳангДидори Орумбекзода бо ҳайъати чинӣ
Дидори Орумбекзода бо ҳайъати чинӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шамсиддин Орумбекзода рӯзи 27 июл ба муносибати 5-солагии таъсисёбии бахши тоҷикии маҷаллаи чинӣ "Пайванди қитъаҳо" бо роҳбари ҳайъати ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин, ҷаноби Хизркелдӣ Абдураҳмон дидор кард

ДУШАНБЕ, 28 июл— Sputnik. Бино аб иттилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанг, маҷаллаи "Пайванди қитъаҳо" ягона маҷаллаи тоҷикӣ дар Чин ва ягона маҷаллаи расмии Чин барои Тоҷикистон буда, соли панҷум ба табъ мерасад.

Бо ин муносибат вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайъати роҳбарияти ини маҷалла дидор ва мулоқот кард.

Ба гузориши манбаъ, зимни вохӯрӣ сухан атрофи рисолаи маҷалла ва ҳадафҳо, мақоми иҷтимоии Тоҷикистон, робитаҳои пурсамари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии байни ду кишвари ба ҳам дӯст рафт.

Новогодний концерт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рақси мардумӣ: ҳунармандони тоҷик ба Чин рафтанд

Тарафҳо гуфтанд, ки  муносибати дӯстона аз ҳусни таваҷҷуҳи ҳамдигари роҳбарон  Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷин Пин сарчашма мегирад.

Маҷаллаи "Пайванди қитъаҳо" ҳамчун ягона маҷаллаи тоҷикӣ дар Чин ва ягона маҷаллаи расмии Чин барои Тоҷикистон соли панҷум аст, ки бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасад.

Манбаъ меафзояд, ки маҷалла дар густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар нақши фаъол дорад ва ҳамчун пули пайвандгари дӯстӣ, ҳамчун даричаи ошноии Чин ва Тоҷикистон хизмат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0