Рақси мардумӣ: ҳунармандони тоҷик ба Чин рафтанд

© Sputnik / Амир ИсаевНовогодний концерт в Душанбе
Новогодний концерт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 20 то 30 июл дар шаҳри Урумчӣ - маркази ноҳияи мухтори Синҷиён-Уйғуристони Чин Панҷумин ҷашнвораи байналмилалии рақси мардумӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино ба итилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанг, раққосони тоҷик дар Чин ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар ин ҷашнвораи фарҳангӣ ҳунармандони ансамбли давлатии "Лола" ба номи Ғаффор Валаматзода ва ансамбли "Садо" аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев муаррифӣ мекунанд.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳайаъти 35-нафараи ансамблҳои номбурда субҳи имрӯз, 19 июл роҳи Уручиро пеш гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0